Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи ниҳоии иҷлосияи панҷуми даъвати панҷум, ки рӯзи 30 июн доир мегардад, аз 1 июл ба таътил мебароянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷаласаи охири иҷлосияи якум раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода назди вакилон дар бораи фаъолияти парлумон ҳисобот медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, рухсатии вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, аз 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавии парлумон фаъолият мекунанд.
Мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум 1 октябри соли равон ба кор шурӯъ мекунад.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, дар давраи рухсатии вакилон иҷлосияи ғайринавбатии парлумони кишварро даъват кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.