Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҶСП “Оби Зулол” дар Истаравшан боздид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, дар ин ҷо ӯ ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагиро боз кард.
Дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳи рамзӣ Беморхонаи ноҳиявии №5-ро, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин аст, ифтитоҳ намуд.
Беморхонаи мазкур дорои 4 ошёна буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.
Дар деҳаи Далёни болои ин ноҳия сарвари давлат аз хоҷагии деҳқонии “Шердил” боздид намуда, бо намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонон шинос шуд.
Сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.