Дар шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 млн сомонӣ сохта шудааст.
“Дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромадгоҳ иборат аст, – қайд мешавад дар хабар. – Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақа мебошад”.
Гуфта мешавад, гузаргоҳ дорои 114 адад нуқтаҳои савдо буда, дар мағозаҳои он дар баробари молу колои зарурӣ, ҳамзамон анвои гуногуни маҳсулоти ватанӣ, бахусус истеҳсолоти либосҳои дохилӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули кори эҷодкорон манзури харидорон карда шудааст.
Ҳамзамон болои гузаргоҳи зеризаминӣ мумфарш ва ҳудуди он барои бехатарии шаҳрвандон панҷарабандӣ карда шудааст. Роҳрави кӯчаи Шарқ пурра сафолакпӯш ва қадди роҳ бо усули муосир чароғон гардидааст.
Зикр мегардад, ки гузаргоҳ дар доираи сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи он Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.