Рӯзи 15 июл дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти сомонаи шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 2 июл дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид.
Дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии пойтахт, рушди бахши энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака дарҷ ёфтааст.
Ғайр аз ин, вакилон ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ вобаста ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола ва чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкориро баррасӣ мекунанд.
Аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм натиҷагирӣ мешавад.
Гуфта мешавад, барои таҳияи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад. Вакилон то 13 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои мушаххас пешниҳод мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.