Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба обхезиҳои шадиду ҳалокати одамон бар асари он ба сарони кишварҳои Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ба унвони сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ таъкид шуд, ки “хабари дар ҷануби ин кишвар сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард”.
“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.
Гуфта мешавад, дар барқияи тасаллият ба раиси Чин Си Ҷинпин қайд мешавад, ки “хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.
“Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷопон ва Чин обхезии шадиду бузургмиқёс ҷараён дорад. Даҳҳо нафар ҳалок шуда, садҳо ҳазор ба кӯчидан ба ҷойи бехавф омодагӣ мегиранд.
Ҳамчунин шумори хеле зиёди хизматчиёни ҳарбӣ ба макони офатҳои табиӣ сафарбар шудаанд. Бар асари ин офати табиӣ дар Ҷопон 50 нафар ва дар Чин – 120 кас ба ҳалокат расиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.