spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тағйироти кадрӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти давлатӣ

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои раисҷумҳур Ҳикматулло Пиракзода аз вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ озод ва Насимҷон Раҷабзода ба ин вазифа таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Ҳикматулло Пиракзода сардори Донишкадаи олии сарҳадии сарҳадии КДАМ ҶТ таъин гардида, Бадриддин Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Нуриддин Нурализода директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Авазхон Зайнудин сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва таъин шуданд.

Малоҳат Холиқзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти ҶТ озод карда шуд. Ба ин вазифа Нодир Мирзоён таъин гардид. 

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Зимни суҳбат сарвари давлат аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардаст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллию ватанпарастӣ хизмат кунад.

“Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзӯр кардани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёрии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад”, – таъкид кардааст раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...