Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар робита ба эълони рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқи моро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам”.
“Итминон дорам, ки тадбирҳои ҷиддии аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хатари сирояти вирус андешидашаванда ба қарибӣ натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард”, – омадааст дар барқия.
Дар барқия инчунин зикр мегардад, ки Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд.
“Таҳдиди афзоишёбандаи пандемияи “Ковид-19” моро ба таҳкими ҳарчи бештари ҳамдиливу дастгирии якдигар ва муттаҳид кардани талошҳо баҳри рафъи он водор менамояд”, – изҳор мешавад дар он.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати расонидани кумаки имконпазир ва мусоидат, ҳамчунин густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид кард.
Тавре Liter.kz хабар медиҳад, имрӯз, 13 июл дар Рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар Қазоқистон соати 12:00 ба вақти Нур-Судтон дар саросари қаламрави Қазоқистон дақиқаи хомӯшӣ эълон мешавад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Қазоқистон 59 ҳазору 899 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 33 ҳазору 814 нафар шифо ёфтанд. Дар ин кишвар 375 нафар аз коронавирус фавтиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.