Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми июл аз хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони он шинос шуд.
Хадамоти матбуоти сарвари давлат аз сафари президент суратгузориши ҷолиберо нашр карда, дар саҳифаи Фейсбук гузоришҳои видеоӣ гузошт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон сари як дастархон бо аҳли оилаи сокинони Ҳисору ноҳияи Рӯдакӣ суҳбат карда, аз хӯрокҳои тайёркардаи онҳо тановул мекунад.
Дар хоҷагии деҳоти “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор сарвари давлат аз қитъаи замини наздиҳавлии оилаи Талабшо Давлатов боздид намуда, меҳмони ин оила шуд.
Сипас дар ноҳияи Рӯдакӣ Эмомали Раҳмонро аҳли оилаи Усмоновҳо ба меҳмонӣ пазируфтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.