Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи август аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид мекунад. Ҳоло санаи дақиқи оғози сафари кории сарвари давлат ва барномаи ҳузури ӯ дар ин вилоят маълум нест.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар ба ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолӣ як қатор вохӯриҳо гузаронида, иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳад ва бо вазъи кору зиндагӣ дар ин минтақа аз наздик шинос мешавад.
Дар вохӯрии президент бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ масъалаҳои риояи қонуният дар қаламрави вилоят, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистон баррасӣ мешаванд.
Дастгоҳи иҷроияи президент роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ-ро хабардор кардааст, ки сарвари давлат хоксорона, бе қолинпартойиву ҷалби толибилмон пешвоз гирифта шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.