Имрӯз дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон дар бораи рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор шудани интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон қарор қабул шуд.
Иҷлосия таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.
Акнун аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд ба пешбарии номзадҳои худ ба мансаби президенти Тоҷикистон оғоз кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.