Барои муқаррар намудани реҷаи дақиқи кори иншооти савдо ва хизматрасонии маишӣ дар пойтахт комиссияи махсус таъсис дода шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба ҳайати комиссия кормандони дастгоҳи раиси пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони аҳли ҷомеа шомил гардиданд.
Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба комиссия дастур дод, ки зимни таҳияи реҷаи кории иншооти мазкур масъалаҳои вобаста ба риояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва таъмини оромиву осоиши шаҳрвандон дар вақти шабона ба инобат гирифта шавад.
Комиссия дар муддати як моҳ бояд ба раиси шаҳр лоиҳа дар бораи реҷаи кории иншооти савдо ва хизматрасонии маиширо пешниҳод намояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.