Вакилони палатаи поёни парлумони Тоҷикистон аз рухсатии тобистона баргашта, дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ ба кор оғоз мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, кори вакилон дар кумита ва комиссияҳо то охири моҳи сентябр давом карда, дар ин давра онҳо инчунин бо интихобкунандагони худ вомехӯранд.
"Рӯзи 1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум доир мегардад”, – гуфт Султонов.
Зимнан зикр шуд, ки дар кумита ва комиссияҳо вакилон то 1 октябр ба баррасии лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва дигар субъектҳои қонунофарӣ пешниҳод гардидаанд, машғул хоҳанд шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.