Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, вохӯрии анъанавии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи дониш дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №102 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Пеш аз оғози дарс сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ мактаби навро, ки аз ҳисоби маблағи буҷети шаҳр дар кӯчаи Дӯстии халқҳо сохта шудааст, ба истифода медиҳад. Дар ин мактаб дар як баст 1 ҳазору 200 нафар хонандагон таҳсил карда метавонанд.
Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, мактаби таҳсилоти умумии нав пурра бо мебели муосир, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудааст.
Қобили зикр аст, ки Президенти мамлакат ҳамасола дар остонаи оғози соли хониши нав дар Рӯзи дониш дар муассисаҳои таълимӣ бо толибилмон вохӯрӣ мегузаронад. Бар асари пендемияи коронавирус имсол толибилмони кишвар ду ҳафта пеш ба таҳсил оғоз мекунанд.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон беш аз 2 млн нафар кӯдакону наврасон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.