spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мактаби президентӣ дар Дарвоз, нишон ва театр дар Хоруғ: президент дар ВМКБ

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, он дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна иборат аст ва барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, солҳои зиёд ба омӯзгорону муҳассилини ноҳияи Дарвоз хизмат намояд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони вилоят мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” маълум шуд, дар идоами сафар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи пояи нишони давлатӣ бо баландии 120 метр, театри ба номи Меҳрубон Назаров бо 1000 ҷойи нишаст дар шаҳри Хоруғ иштирок карда, бо намояндагони минтақа вомехӯрад.

Тавре аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ президент бинои нави филиали “Амонатбонк”, маркази савдои “Нигини Хоруғ” дар бозори шаҳр, мактаби нави №8 дар “Хоруғи – боло” ва майдони варзишӣ дар маҳаллаи “Тирчид” иштирок хоҳад кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ВМКБ рафт

Сарвари давлат инчунин ба оғози сохтмони пул дар маҳаллаи “Селхозтехника””-и шаҳри Хоруғ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, низ ҳусни оғоз мебахшад.

Ёдрас мекунем, ки сафари кории президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ субҳи имрӯз аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид. Нахуст дар деҳаи Вишхарв  дар ҳузури президенти мамлакат корхонаи “Карон – калсит” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз барои сохтмони канали обрасон санги асос гузошт.

Дар ҷараёни сафар сарвари давлат ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуд. Инчунин дар ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон Боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ низ боз шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...