spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тарифҳои нави равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нави роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, билети нимсолаи равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён – 200 сомонӣ ва дигар шаҳрвандон – 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Билети яксолаи истифода аз ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мутаносибан 200, 300 ва 500 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарифҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Навбатдор дар шаҳр”: кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе дар замони пандемия

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад. Ин кортро дар терминал ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе харидан мумкин аст.

Нархи ҳадди ақали корти пластикии Citycard ба 7 сомонӣ баробар аст: 4 сомонӣ арзиши худи корт буда, маблағи боқимонда ба тавозуни корт мегузарад ва барои пардохти роҳкиро дар нақлиёт пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин тариқи терминалҳои ширкати Express Pay ба тавозуни корт метавон маблағ гузаронид.

Барои мусофироне, ки роҳкиро дар автобусу троллейбусҳоро тавассути экспресс корт (QR-Kod) пардохт мекунанд, тахфифҳо (камшавии нарх) пешбинӣ шудааст: барои донишҷӯёне, ки корти дорои беш аз 50 нишаст (равуо)-ро мегиранд, 30% тахфиф ва барои дигар мусофирон – 15% тахфифҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...