Ҳама гуна чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон манъ карда шуд . Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар.
Дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода чунин тасмим гирифта шуд.
Тибқи қарори қабул шуда, дар қаламрави мамлакат гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ манъ мебошад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ сайругашт намоянд. Инчунин ситоди ҷумҳуриявӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми сайругашт ниқоб пӯшидан ва масофаи 1,5-2 метрро нигоҳ доштан лозим аст.
«Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистонро ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ даъват мекунад", – омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.