spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

На зиёдтар аз 3 сол. Қоидаҳои нави ҷойивазкунии ҳайати роҳбарӣ дар Агентии зиддифасод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амри худ дастур дод, ки Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад.

Мувофиқи ин қоидаҳо, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарии Агентӣ дар се сол як маротиба гузаронида мешавад.

Қабули ин тасмим, аз ҷумла “пешгирии ҳолатҳои имконпазири содир гардидани амалҳои коррупсионӣ ё мухолифати манфиатҳо” маънидод мешавад.

Ҳамчунин қоидаҳои нав бо мақсади истифодаи пурсамари имконоти касбии кормандон, иҷрои дастурҳои махсусан муҳими давлатӣ, омода намудани кадрҳои раҳбарӣ ҷорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар қоидаҳо ба ҷойивазкунии корманди Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ва шуъба дар минтақаи Рашт пештар аз муҳлати муқарраршуда, лекин на камтар аз нисфи он иҷоза дода мешавад.

Дар санад қайд мешавад, ки дар баргузории ҷойивазкунии кормандон гирифтани розигии худи корманд зарур нест.

“Баҳсҳои вобаста ба баргузории ҷойивазкунӣ аз ҷониби ҳайати мушовара (коллегия)-и Агентӣ ҳаллу фасл мешаванд. Дар сурати норозигии корманди Агентӣ ба ҷойивазкунӣ, ӯ метавонад мутобиқи қонунгузорӣ ба суд муроҷиат кунад”, – зикр мегардад дар Қоидаҳои таҳияшуда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...