spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум дар интихоботи президентӣ ғолиб омад

Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, сарвари давлати амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маъркаи интихоботи президентӣ ғолиб омад.

“Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% ё худ 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар раъйдиҳандагон овоз доданд”, – хабар дод раиси КМИР Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода. Натиҷаҳои ниҳоиро Комиссия бояд дар муддати 10 рӯз аз замони интихобот эълон кунад.

Ба ин тариқ, президенти кунунӣ, ки аз соли 1992 сарвари давлати Тоҷикистон аст, бори панҷум пайдарпай президенти мамлакат интихоб шуд.

Номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 3,03%, ё худ 127 ҳазору 746 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода – 2,15% ё худ 90 ҳазору 587 нафар, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода – 1,49% ё худ 62 ҳазору 853 нафар ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев –1,17 % ё худ 49 ҳазору 212 нафар овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президентӣ 4,2 млн нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карда, ҳузури интихобкунандагон 85,3%-ро ташкил дод.

Ҷараёни интихоботро нозирон аз ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА, Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия пайгирӣ карданд. Дар рафти интихобот қонуншиканиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, то охири моҳи октябр ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати пурра истеъфо медиҳад. Мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумат”, ҳукумати айни замон амалкунандаи ҷумҳурӣ назди президенти тозаинтихоб ваколатҳои худро месупорад.

Баъди маросими расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби кишвар, ки то охири ҳамин моҳ доир мегардад, ҳукумат ба истеъфо меравад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон президент ҳамзамон раиси ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...