spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фармони аввал. Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо бахшид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр расман сари мансаби сарвари давлат омада, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти фармони мазкур маълумот дода намешавад.

Соли 2017 ҳар кадоме аз маҳкумшудагон дар Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки як маротиба дар як сол аз президент бахшиши гуноҳашро дархост намояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Авфи 540 шахси гунаҳкор ба терроризму ифротгароӣ дар Суғд

Он замон Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар содир шуд.

Тибқи муқаррароти таъсиси комиссияи авф, он мақомоти машваратӣ ва тавсиядиҳанда буда, амалисозии салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили авфро таъмин менамояд.

Масъалаҳои авфи маҳкумшудагонро аз ҷониби судҳои Тоҷикистон, ҳамчунин судҳои дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, Президенти Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди комиссия ҳал мекунад. Президент метавонад масъалаи авфро бевосита низ ҳал намояд”, – қайд мешавад дар замима ба фармон.

Комиссия вазифадор аст, ки дархост оид ба масъалаҳои авфро пешакӣ баррасӣ намуда, дар мавриди он ба Президент пешниҳоду тавсия ироа кунад.

Минбаъд ҳар кадоме аз маҳкумшудагон сарфи назар аз вазнинии ҷинояти содиршуда ва муҳлати таъингардида, ҳуқуқ дорад, ки дар як сол як маротиба ба номи президент дархост барои авфро пешниҳод созад. Дархост тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо замимаи маълумотнома дар бораи рафтори ӯ, вазъи солимӣ ва вазъи оилавӣ ирсол мегардад.

Моҳи майи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дархостҳо дар бораи бахшиши ҷазои 99 нафар шахсонеро, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, рад кард. Зикр шуда буд, ки дархости ин шахсон баъди баррасӣ бо таваҷҷуҳ ба хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо рад карда шуд.

Ҳамчунин дар ин масъала шахсияти маҳкумшудагон, андозаи зарари расонидашуда, рафтори онҳо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва пешниҳоди Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Тоҷикистон ба инобат гирифта шуд.

Расо як сол пеш – охири моҳи октябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсия Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро имзо кард. Он дар нисбати зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...