Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори тозатаъини Хуҷанд корашро аз ошно шудан ба вазъи роҳҳои шаҳр барои зимистон оғоз кардааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд бо нашри чанд акс дар ин бора иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Фирдавс Шарифзода баъди ошноӣ аз вазъи роҳҳо субҳи имрӯз як ҷаласаи ситоди фаврӣ баргузор карда, ба беҳтар кардани корҳо таъкид кардааст.
Шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, ки мақомот бояд барои таъмини бехатарии мардум дар давраи зимистон ва саривақту беосеб расидани онҳо ба коргоҳу манзилҳояшон омода бошанд ва роҳҳои шаҳрро зуду фаврӣ тоза кунанд.
Фирдавс Шарифзодаи 36-сола, дирӯз бо фармони Президенти Тоҷикистон иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд, ки то ин замон раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.