Дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гардид, вакилони мардумӣ ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ карданд.
Фармонҳои президентро ба вакилони мардумӣ дар бораи таъини аъзои нави ҳукумат ёвари Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар парлумон Зариф Ализода шарҳ дод.
Доир ба аъзои нави ҳукумат аъзои палатаи болоӣ ва поёнии парлумон ба ёвари президент ягон саволе надода, ҳайати нави ҳукумат бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ шуд.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати пешинаи раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон 30 октябр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими савгандёдкунӣ ба истеъфо фиристода шуда, ҳайати нави ҳукумат 4 ноябр таъин шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.