Имрӯз дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин хусус ёдрас мешавад, ки мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи ҳукумати ҶТ”, аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Гуфта мешавад, аъзои ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти и Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.
Зикр мегардад, ки пас аз анҷоми савгандёдкунии аъзои ҳукумат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳукуматро барои хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.