Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ёддошт байни Душанбе ва Токиоро тибқи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба имзо расида буд, якдилона маъқул донист.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ғафур Муҳсинзода ба вакилон хабар дод, ки барои татбиқи лоиҳа ҳукумати Ҷопон ба ҳукумати Тоҷикистон 600 млн йен (ҳудуди 57 млн сомонӣ) грант ҷудо мекунад.
Ин ба муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати саривақт дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ барои ташхис ва муолиҷаи беморони сироятёфта аз коронавирус имконоти бештар фароҳам меорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, змикр шудааст, ки қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шуравӣ то имрӯз мавриди истифода қарор дошта, бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобат хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмӯиро талаб менамояд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин кумаки ҷониби Ҷопон дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз соли 1996 Ҷопон ба Тоҷикистон дар самти ҳамкории иқтисодӣ дар ҳаҷми 35,2 млрд йен (ҳудуди 330 млн доллар) грант додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.