Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон то 10 январ бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд. Вохӯриҳо мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Зимни мулоқот бо аҳолӣ вакилон бо вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар ва инчунин мушкилоти интихобкунандагони худ шинос мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои кишвар вакилон ҳамчунин ният доранд, ки назари онҳоро доир ба ҷараёни қонунофарӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик ошно гарданд.
Пас аз бозгашт ба пойтахт вакилони мардумӣ назари интихобкунандагонро оид ба вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ба ҳукумати кишвар расониданианд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.