Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии Барномаи рушди тандурустӣ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) кумаки молиявӣ дастрас намояд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи декабр бо фармони худ ба муовини якуми сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дастур дода буд, ки лоиҳаи созишномаи дахлдорро дар ин хусус бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба мувофиқаи сана ва макони имзои созишномаи мазкур уҳдадор мешавад.
Матни лоиҳаи созишнома, ки дар он маблағи кумаки мегирифта зикр мешавад, аз ҷониби Пойгоҳи мутамаркази қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр нашудааст.
Моҳи апрели соли гузашта Иттиҳоди Аврупо изҳор дошта буд, ки ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастгирии соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 аз бисёр мададрасонони байнулмилалӣ кумаки молиявӣ дастрас кард.
Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҷумҳурӣ ба маблағи 189,5 млн доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кард. Ҳамчунин аз Фонди авруосиёии суботу рушд низ 50 млн доллар қарз дастрас шуд.
Бо ин мақсад аз дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ низ грантҳо гирифта шуданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар робита ба пандемияи коронавирус ба ҳукумати Тоҷикистон лозим омад, ки маблағгузории соҳаи тандурустиро аз буҷет 2 баробар: аз 1,8 млрд то ба 3,6 млрд сомонӣ зиёд кунад.
Дар зиёдшавии хароҷоти соҳа ба ҳукумат созмонҳои байнулмилалии молиявӣ кумак карда, ҷиҳати рӯйпӯш сохтани касри хароҷоти буҷет барои ин соҳа, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумат қисмате аз захираҳои тиллоии худро фурӯхт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.