spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Изофанависӣ: танқиди сахти муовини раиси вилояти Суғд аз ҳукумати Панҷакент

Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Панҷакент аз кори ҳукумат дар бахшҳои вижа интиқоди сахт карда,  баъзе аз масъулони ҳукуматро ба пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва изофанависӣ гунаҳкор кардааст.

Дар ин ҷаласа, ки гуфта мешавад 13-уми январ баргузор шудааст, ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд аз як қатор гузоришҳои нодурусти ҳукумати шаҳри Панҷакент парда бардоштааст, ки чанде қабл пешниҳод шуда буданд.

 Аз ҷумла, Хол Ҳайдар хотирнишон сохтааст, ки “дар коргоҳи “Маърифатпарвар” ҳам аз рӯи нақшаи ваъданамудаатон қариб 100 нафар бояд коргар қабул мекардед. Аммо накардед. Чаро ҷойҳои кории дурӯғин таъсис медиҳед? Киро фиреб мекунед? Фақат барои худнамоӣ бошад, даркор нест! Дар соҳаи саноат 45 нафар коргарони маошгир кам шудаанд”,– гуфтааст муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Муҳаммадсодир  Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент дар посух ба иҷро нашудани ваъдаи ҷойҳои кор гуфтааст, ки “КМ “Зарафшон” ҳар сол коргаронро ба нафақа ҷавоб медиҳад, вале ба ҷояшон коргар қабул намекунад”.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд, ҳамчунин дар бахши кишоварзӣ, аз кам захира кардани хошок, кишти нокифояи баъзе аз сабзавот, аз ҷумла сабзиву пиёз, изофанависӣ дар кишти картошка низ изҳори нигаронии ҷиддӣ намудааст.

Ӯ аз ҷумла дар бораи ошкор шудани 1385 га изофанависӣ дар кишти картошка аз тарафи мақомоти додситонӣ гуфтааст.

Хол Ҳайдар ҳамчунин аз фаъолияти гурӯҳи кории тарғиботӣ дар бахши самаранок истифода бурдани барқро ҳам нокифоя хондааст.

Ҷамъоварии сусти чанд намуди андоз, аз ҷумла андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Панҷакент, дер пардохт намудани нафақаву маоши кормандони буҷавӣ, масъалаи қабули шаҳрвандон ва дигар мушкилот аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки муовини аввали раиси вилоят Хол Ҳайдар ба онҳо дахл намуд.

Масъулони ҳукумати Панҷакент дар ин маҷлис далелҳои худро ба муовини раиси вилоят гуфтаанд, вале гуфта мешавад, Хол Ҳайдар далелҳои пешниҳодиро нокофӣ донистааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...