Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, ки рӯзи 27 январ доир гардид, сарфи назар аз пешгӯйиҳои бархе аз коршиносон, бидуни тағйироти кадрӣ анҷом пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки соли 2020, дар маҷмӯъ, барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар маҷлиси васеи ҳукумат оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2020 ҳисоботи сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Сарвазир таъкид дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои марбут ба сирояти COVID-19, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.
“Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд”, – изҳор дошт Раслзода.
Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 – 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз коҳиш ёфт.
Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст.
Дар ҷаласа вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, роҳбарони Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук Нусратулло Давлатзода ва Хуршед Каримзода аз натиҷаҳои фаъолияти ин сохтор ҳисобот доданд.
Зикр шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 100,1% ва қимсмати хароҷот – 91% ба иҷро расидааст.
Ҳамчунин дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони дигар вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.
Президент ба онҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти таъиноти иҷтимоӣ, ҷалби сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки барои тадриҷан барқарор намудани алорқаи ҳавоӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав тадбирҳои муассир андешанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.