spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раиси Хуҷанд: Минбаъд замин танҳо бо назардошти нақшаи генералӣ ҷудо мешавад

Минбаъд бе назардошти нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр, ягон сотих қитъаи замин барои сохтмон ҷудо карда намешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ и.в. раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода.

“Оянда қитъаҳои замин танҳо дар доираи нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр бо риояи ҳамаи талаботи барои он пешниҳодгардида ҷудо карда мешавад, – шарҳ дод ӯ. – Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар байни хонаҳои баландошёна барои сохтмони манзилҳои наву марказҳои савдо ва дигар иншоот қитъаи замин ҷудо карда нашавад”.

Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ байни хонаҳои баландошёна 100 майдони варзишӣ бунёд гардида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти варзишӣ ва дигар лавозимоти зарурии ширкати ватании “Арча мебел” таъмин карда хоҳанд шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон бобати суистифода дар мавриди ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон, раиси Хуҷанд қайд кард, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳр 20 қарори ғайриқонунии марбут ба ин масъала бекор шудаанд.

“Тавре ки ман пештар қайд кардам, минбаъд замин танҳо бо назардошти нақшаи генералӣ ҷудо мешавад”, – афзуд Фирдавс Шарифзода.

Қобили зикр аст, ки ахиран арзу шикояти шаҳрвандон ба мақомоти ҳукумат ва навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба сохтмони манзилҳои наву марказҳои савдо ва дигар иншоот байни хонаҳои баландошёна бидуни риояи масофа тибқи меъёр зиёд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...