Сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ ва маҷмаъаи варзишии шаҳри Бохтар, ки санги аввали онро соли 2016 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд, ҳанӯз оғоз нашудаст. Он замон гуфта мешуд, ки боғи мазкур ва маҷмаъе, ки дар инҷо сохта мешавад дар Осиёи Миёна назир надорад, аммо бо гузашти беш аз 4 сол аз сохтмони ин иншоот хабаре нест.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотиаш мушкили оғоз нашудани сохтмони ин иншоотро дар тасдиқ нашудани санадҳои он гуфт.
“Соли 2016 санги таҳдоби боғи фарҳангӣ ва маркази хизматрасонӣ бо ҷудо кардани 48 гектар замин гузошта шуда буд. Тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки то соли 2035 тасдиқ шуда буд, албата ба анҷом расонида мешавад. Дар инҷо бисёр омилҳо ҳаст, ки мо сохтмонро оғоз карда наметавонем. Яке аз ин омилҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин аст, ки кораму обиянд. Моҳи феврали соли ҷори ҳуҷҷатҳоро аз нав омода карда ба ҳукумат ирсол кардаем. Дар ҳолати тасдиқ шудани ин санадҳо сохтмон оғоз карда мешавад”,- гуфт раиси шаҳр.
Саломзода ҳамчунин илова кард, ки ба делели кам будани заминҳои кишоварзӣ дар кишвар, барои ин ё он сохтмон иҷозаи ҳукумати ҷумҳурӣ зарур мешавад. Бе иҷоза, ҳеч кас ҳақ надорад заминро ба ин ё он мақсад ҷудо кунад.
Дар ҳамин ҳол, Саломзода аввалин раиси шаҳр нест, ки аз омода карданиҳуҷатҳову ба ҳукумат фиристодани онҳо суҳбат мекунад.
Абдуаллим Исмоилзода шаҳрдори қаблии Бохтар низ зимни як нишасти матбуотияш гуфта буд, ки ду маротиба ҳуҷҷатҳоро омода карда ба Кумитаи идораи замин ва геодезии ҷумҳури фиристодаанд.
“Мо ҳамаи иншоотро як парванда карда, ба Кумитаи идораи замин ва геодезии назди ҳукумат фиристодем. Вале онҳо талаб карданд, ки ҳар як иншоотро дар алоҳидагӣ парванда карда фиристем. Аммо инҷо як маҷмаа аст ва он бояд як парванда бошад”,- гуфта буд Абдуаллим Исмоилзода.
Бо ин вуҷуд, ҳоло ҳам иҷозаи оғози сохтмони ин боз дода нашудааст.
Зимни нишастҳои матбуоти хабарнигорон ин масъаларо аз раиси вақти вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси ҳозира Қурбон Ҳакимзода низ пурсида буданд, вале ҷавоби онҳо низ ҳамин буд, ки ҳуҷҷатҳо дар баррасии ҳукуматанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.