Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзи 17 март баргузор намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масоили марбут ба рушди саноат дар шаҳр, вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ дар пойтахт зикр шудаанд.
Дар қарор аз вакилон дархост шудааст, ки то 15 март бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.