Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи сементбарории ширкати “Моҳир семент” ҳусни оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона масоҳати 6,7 гектар қитъаи заминро фаро гирифта, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент – М400 ва М500 бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.
Қисми бештари сементи истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур чун маҳсулоти содиротӣ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон содирот карда мешавад. Корхона мазкур аз лиҳози логистикӣ низ дар мавзеъи мувофиқ ҷойгир буда, аз ин ҷо то ба сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хати роҳи оҳан низ то ба дохили корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардидааст.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин муассиса аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардид.
Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.
Сипас бо иштироки президент дар маркази ноҳия бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳия Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намояд.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.
Субҳи рӯзи 25 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сарвари давлат боз иншооти зерин ба истифода дода шуд:
Бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил бо майдончаи варзишии болопӯшида дар шафати он…
… Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”…
… Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” шинос шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.