Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 апрел як қатор қонунҳоро ба имзо расонид.
Ба иттилои хадамоти сарвари давлат, инҳо қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ”, ба қонунҳо “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи ниҳолпарварӣ”, Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии ҶТ мебошанд.
Гуфта мешавад, қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ” ва “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти онҳоро танзим менамоянд.
Тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ”, Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии ҶТ ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳдошти фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронида шудаанд.
Зикр мегардад, ки қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди соҳаи илм ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.