spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҷаримаи ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд

Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии кишвар ҷонибдорӣ намуданд.

Мувофиқи ин тағйирот, ҷазои маъмурӣ дар соҳаи хизмати ҳарбӣ дар кишвар сангинтар мешавад.

Ба ин тариқ, вакилони парлумон ба зиёдшавии ҳаҷми ҷарима дар ҳолатҳои зерин ризоят доданд:

– барои ҳозир нашудан бо даъват ба комиссариати ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок (аз 4 нишондиҳанда барои ҳисоб то ба 6 нишондиҳанда зиёд шуд);

– барои пешниҳод накардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки бояд пешакӣ дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гузошта шаванд (аз 6 нишондиҳанда то ба 10 нишондиҳанда);

– барои ба кор қабул намудани касоне, ки уҳдадории ҳарбӣ доранд ва наврасони синни даъват, ки дар қайди ҳарбӣ нестанд (аз 2 нишондиҳанда то ба 4 нишондиҳанда);

– барои таъмин накардани огоҳии шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ ва наврасони синни даъват дар бораи даъвати онҳо ба комиссариатҳои ҳарбӣ (аз 6 нишондиҳанда то ба 10 нишондиҳанда);

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷузъиёти қоидаҳои нави хидмат: кӣ хидмати пулакӣ мекунаду кӣ бепул?

– барои саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати пешбурди баҳисобгирии ҳарбии шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ ва наврасони синни даъват (аз 2 нишондиҳанда то ба 4 нишондиҳанда);

– дар бораи маълумот надодан дар бораи шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ ва шаҳрвандони синни даъват, нақзи қоидаҳои баҳисобгирии ҳарбӣ (аз 2 нишондиҳанда то ба 4 нишондиҳанда);

– барои дидаву дониста нобуд кардан ё гум кардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии ҳарбӣ (аз 6 нишондиҳанда то ба 10 нишондиҳанда);

– барои аз ҷониби даъватшаванда рад кардани гузаштан аз муоинаи тиббӣ (аз 2 нишондиҳанда то ба 4 нишондиҳанда).

Ёдрас мекунем, ки имсол ҳаҷми маблағи нишондиҳанда барои ҳисоб афзуда, 60 сомониро ташкил медиҳад (соли 2020 ба 58 сомонӣ баробар буд).

Сарбозозорӣ ё худ “дедовшина” дар артиш – натиҷаи тарбияи волидон аст

Зимни шарҳи ин тағйирот муовини аввали вазири мудофиа, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода ба саволи вакил Саидҷаъфар Усмонзода дар бораи сарбозозорӣ дар артиши ҷумҳурӣ посух дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наҷоти сарбоз… Агар дар рота “сарбозозорӣ” бошад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?

“Ҷой доштани ба истилоҳ “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон натиҷаи ҳамон тарбияест, ки сарбоз дар хонаводааш то даъват ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ гирифтааст”, – изҳор дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз фармондеҳони взводҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар синни 22-солагӣ рутбаи лейтенантро мегиранд ва тарбияву омода кардани сарбозоне ба уҳдаи онҳо вогузор мегардад, ки аксарияташон аз фармондеҳи худ калонтаранд.

“Ва агар сарбози ояндаро дар хонаводааш чунин тарбия карда бошанд, пас лейтенанти ҷваон чӣ гуна дигарбора онҳоро тарбия карда метавонад?”, – бо савол муроҷиат кард ӯ.

“Имрӯз ба туфайли аксари ВАО дар ҷомеа аллакай симои манфии артиши Тоҷикистон офарида шуда, ба рӯзноманигорони “фаъол” дар ин кор мехоҳам бигӯям, ки аз хотир набароред, ки ин артиши миллии мост, ки Ватанамонро посбонӣ мекунад”, – изҳор дошт Собирзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...