spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон: Соли 2021 вазнинтарин сол барои Тоҷикистон дар қарни охир аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошӣ ба ин муносибат ӯ аҳолиро ба ҳарчи зудтар анҷом додани кишти баҳорӣ, зиёрати падару модарон, аёдати беморону азодорон, дуои хайр дар ҳаққи гузаштагон, кумак ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд даъват кард.

Сарвари давлат инчунин ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳонаи чанд рӯз пеш дар марз бо Қирғизистон ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъкид дошт, ки соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.

Зикр шуд, ки таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аллакай, ҳамаи аломатҳои вазнини сол – болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.

“Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ аз мову шумо вобаста нест”, – изҳор дошт президент.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.

“Агар як соли дигар сарфакорӣ кунем, бовар дорам, ки манфиати ин амалро ҳар як оила дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ҳатман эҳсос хоҳад кард, – гуфт ӯ. – Яъне мардуми мо дар фасли сармо ба азияту муҳтоҷӣ рӯ ба рӯ намешаванд".

Президент инчунин зарурати риояи ҳатмии меъёрҳои қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...