Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо ҷараёни корҳои сохтусози иншоот ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва дидор бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод рафт. Дар ин бораи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Раисҷумҳур дар ин ноҳия нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шудааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ин тарҳро як "лоиҳаи муҳим" номида онро "идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон" унвон кардааст.
Гуфта мешавад лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад. Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.
Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад. Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Сарчашмаи маблағгузории марҳилаи дуюм аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад. Маблағгузории пули бузург аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохтӣ амалӣ мегардад, ки ҳаҷми он 50 миллион доллари амрикоӣ мебошад.
Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.