spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳукумат ҳанӯз барои тағйирот ба Кодекси оила “ҳа” ё “не” нагуфтааст.

Пешниҳоди як гурӯҳи вакилони парлумони Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ дар мавриди масоили дахлнопазирӣ (масъуният)-и ҷинсӣ то ҳол бе посух боқӣ мемонад.

Ин пешниҳодҳо ҳанӯз се моҳ пеш – моҳи марти соли ҷорӣ ироа шуда, лекин ҳукумат алҳол хомӯширо ихтиёр кардааст.

“То имрӯз доир ба ин масъала ҳукумат на ризоят ва мухолиф буданашро баён кардааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар.

Ёдрас мекунем, ки ин тағйирот ба афроде дахл доранд, ки барои ҷиноятҳо алайҳи озодӣ ва дахлнопазирии  ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони синни то 16-сола ва ҳамчунин ба афроди машғул ба ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ё даллагӣ бо мақсади тамаъҷӯйӣ аз ин амал, дахл доранд.

Вакилони парлумон, ки ворид намудани тағйиротро ба Кодекси оила пешниҳод намуданд, бар ин назаранд, ки чунин шахсон бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ, парлумони Тоҷикистон бидуни таъйиди ҳукумат ҳама гуна қонун ё тағйирот ба онҳоро қабул карда метавонад, вале дар таҷрибаи кори парлумони Тоҷикистон ин гуна ҳолат то кунун собиқа надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...