spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парлумон созишномаву қарордодҳоро ба 164 млн доллар ва 50 млн евро тасдиқ кард

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи қарзии моҳи март имзошударо байни ҷумҳурӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯйи лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” тасдиқ карданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки баҳри амалисозии лоиҳа БАТР дар ҳаҷми 7,5 млн евро қарзи имтиёзнок ва ғайр аз ин, Иттиҳоди Аврупо тариқи БАТР боз 7,5 млн евро ба сифати грант ҷудо мекунанд.

Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа таъмиру навсозии шабакаҳои обрасони шаҳри Кӯлоб, сохтмони пойгоҳҳои обкашии нав, ҳавзҳо барои захираи оби нӯшокӣ ва насби ҳисобкунакҳои об дар манзилҳои сокинони шаҳр пешбинӣ шудааст.

Оғози корҳои амалисозии лоиҳа нимаи дуюми соли равон дар назар буда, охири соли 2024 ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи вазир, ғайр аз ин, БАТР ва Иттиҳоди Аврупо ба баланд бардоштани устуворӣ ва самаранокии бахши энергетикии ҷануби Тоҷикистон ба воситаи таъмиру навсозии шабакаи тақсимот дар вилояти Хатлон мусоидат менамоянд.

Ба ин тариқ, бастаи маблағгузорӣ дар ҳаҷми 35 млн евро ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ширкати давлатии энергетикӣ пешниҳод мегардад, ки ба тақимоти барқ дар ҷумҳурӣ масъул хоҳад буд.

Маблағгузорӣ аз қарз дар ҳаҷми 20 млн евро таҳти кафолати давлатӣ аз ҷониби БАТР ва гранти сармоягузорӣ дар ҳаҷми 15 млн евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Фонди сармоягузории худ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат хоҳад буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Насби ҳисобкунакҳои барқии биллингӣ дар Душанбе оғоз шуд

Маблағҳо барои таъмиру таҷдиди шабакаи тақсимот дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, инчуин канораҳои он истифода мешаванд. Маблағгузорӣ ба ҷорисозии зерсохтори биллинг ва насби дастгоҳҳои баҳисобгирӣ, инчунин барқарор намудани устохонаҳои Шабакаи тақсимоти барқ кумак мекунад.

Вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин аз созишнома байни шаҳрдории Душанбе ва БАТР аз рӯйи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ҷонибдорӣ намуданд.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд барои таъмиру навсозии қубурҳои гармидҳии шаҳри Душанбе 10 млн доллар ҷудо мекунад, ки нисфи он маблағи грантӣ аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамчунин Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон)-ро рӯнамоӣ кард.

Дар чаҳорчӯби қарордоди имзошуда Бонки ҷаҳонӣ бар асоси кумаки бебозгашт ба ҷумҳурӣ 21,3 млн доллар ҷудо мекунад.

Равона кардани ин маблағ ба дастгирии бахши тандурустӣ, аз ҷумла харидории ваксинаи зидди коронавирус, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, тестҳо, дастгирии низомӣ эмкунӣ ва омӯзиши ҳайати шахсии машғул ба ваксиназании аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, аз ҳисоби ин маблағ барои пешгирии дигар бемориҳои сироятии мавсимӣ харидории ваксинаҳо пешбинӣ шудааст.

Қисмате аз маблағҳои ҷудомешуда ба кумаки яквақтаина ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол ва маъюб доранд, равона мегардад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ дар доираи ин лоиҳа ба Тоҷикистон 11,3 млн доллар ҷудо карда буд. Моҳи феврали соли равон иловатан 12,57 млн доллар бар асоси бебозгашт ҷудо шуд.

Вакилон ҳамчунин мактуб-созишномаи Гранти Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО)-ро барои лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ якдилона маъқул шумориданд.

Дар ин мактуб-созишнома ба Тоҷикистон ҷудо шудани ҳудуди 134 млн доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки ба беҳбуди ҳолати роҳҳои вилояти Суғду ВМКБ ва харидории техникаи роҳсозӣ равона мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...