spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фейсбук: овозаи таъсиси вилояти нав бо номи Сомониён дар Тоҷикистон. Марказаш Данғара

Бархе аз корбарони Фейсбук як баҳсеро дигарбора доғ кардаанд, ки гӯё пас аз 30-солагии Истиқлол дар Тоҷикистон вилояти наве бо номи Сомониён ва марказияти Данғара таъсис мешавад. Гуфта мешавад, ин вилояти нав ноҳияи собиқ ивлояти Кӯлобро бо шумули шаҳрҳои Норак Роғун ва ноҳияи Ёвон дар бар мегирад.

Ин хабар ҳанӯз як овоза аст ва ҳеч мақоми расмие то кунун дар бораи ташкили вилояти нав ҳарфе назадааст. Вале корбарони зери ин фириста (пост)-и фейсбукӣ бар пайи ин хабар баҳси зарур будан ё набуди институти вилоятро барои Тоҷикистон матраҳ кардаанд.

Аз ҷумла иқтисоддон, донишманд ва пажуҳишгари фарҳанг Умед Ҷайҳонӣ навиштааст, ки “имрӯзҳо овоза шуда, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар минтақаи Кӯлоб вилояти Сомониён бо марказияти Данғара ташкил ва шаҳрҳои Нораку Роғуну Ёвонро ҳам шомили он кунад”.

“Ба назарам, беҳтар мешуд ки вилояти Хатлонро ду вилоят мекарданд: яке бо марказияти Кӯлоб ва номи Хатлон ва дигаре бо марказияти Қурғонтеппа/Бохтар ва номи Вахш. Чуноне ки дар замони Сомониён буд. Сомониён номи дудмон аст ва наметавонад ҷойном бошад, зеро худ аз ҷойноми Сомон сохта шудааст".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахше аз Боғи фарҳангиву фароғатии Кӯлоб

Умед Ҷайҳонӣ  пешниҳод кардааст, ки “Кӯлоб бояд маркази вилоят шавад. Ҳам пешинаашро дорад ва ҳам аз нигоҳи тақсимоти кишварӣ шоистатар аст”.

Бархе коршиносон дар ин баҳс пешниҳод кардаанд, ки шояд худи вилоятҳо дигар лозим набошанд?  Вале рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода гуфтааст, ки вилоятҳо хеле лозиманд.

“Аммо мушкилоти дигар, аз қабили маҳалгароӣ, камбуди будиҷа ва ғайра набояд ба ин масъалаи муҳим омехта карда шавад. Ин вилоятҳо ҳамеша таҳти назорати ҳукумати марказӣ ва роҳбарияти давлат амал хоҳанд кард, ки наметавонад мушкил пеш биёрад. Ташкили вилоятҳои умдаи боиси пешрафти идораи давлат ва минтақаҳои кишвар хоҳад шуд. Хурд будани ҷумҳурӣ ва дигар далелҳо низ асоси ҷиддӣ барои ташкили вилоятҳо шуда наметавонад”,-гуфтааст Комилзода.

Ил Ҳом, яке аз корбарони ворид дар ин баҳс гуфтааст, ки вилоятҳоро набояд бар пояи забону дигар анъанот марзбандӣ кард ва яке аз ақидаҳои нодурусти мардуми мо ин аст, ки вилоят ва ноҳия ба забон, фарҳанг ва хислати мардум бояд рабт дошта бошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ

“Тақсимбандӣ ба вилоят ва ноҳия ба забон, фарҳанг ва урфу одат ҳеч рабте надорад, инҳо танҳо меъёрҳое мебошанд, ки ба идоракунӣ дахл доранд аз ин сабаб агар як вилоят ва ноҳияе ташкил шавад сабабш фақат дар осон сохтани идоракунӣ бошад масъалан, роҳҳо, масофа, ва албатта баъзан маврид иқтисодиёт низ”.

Ин корбар гуфтааст, ки Тоҷикистонро мумкин аст ба як ду вилояти дигар тақсим кард, зеро ба сифати идоракунӣ метавонад таъсир расонад ва ба иқтисодиён низ.

Номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси варзида Шералӣ Ризоён дар ин баҳс гуфтааст, ки низоми вилоят барои Тоҷикистон аслан лозим нест, чунки:

1) давлати мо унитарӣ аст ва ҳеҷ мушкиле, тавре дар таҷрибаи НТМ (ноҳияҳои тебеи марказ) дида мешавад, барои интиқоли пули буҷет ба назар намерасад (агар масъала танҳо иқтисодӣ бошад, чун аксар ба ин нукта таъкид намуданд);

2) дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ ва муосир намудани тартиби хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ба шаҳрвандон хеле аз функсияҳои мақомоти маҳаллӣ ба таври электронӣ сурат мегирад. Мо бояд трендҳои ҷаҳониро ба назар гирем.

3) ноҳиябандии Тоҷикистон мероси давраи истисморӣ аст ва андешае вуҷуд дорад, ки то аз ин "меърос" халос нашавем, баъзе аз унсурҳои давлатдории миллӣ устувор намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуҷанд шаҳри қадимии тоҷикон ва маркази вилояти Суғд

Ҳамин тариқ дар ин баҳс, бархе дигар соҳибназарон ба зарур набудани вилоятҳо таъкид кардаанд, ки яке аз сабабҳои маҳалгаройӣ ва ё минтақагаройӣ дар Тоҷикистон ҳамин институтҳои вилоят мебошанд ва бояд барҳам дода шаванду ба бархе ноҳияҳо мақом ва салоҳиятҳои бештар дода шавад.

Ҳарчанд баҳси ташкили вилоят ва ё вилоятҳои нав дар Тоҷикистон як баҳси тоза нест, вале сар садои бархоста дар мавриди ташкили вилояти нав бо номи Сомониён ё Данғара ин баҳсро дубора доғ кардааст. Бархеҳо сохтусозҳои солҳои ахир ва ташкили донишгоҳҳои зиёду дигар ниҳодҳои ҷумҳурявиро дар Данғара ба унвони мисолҳои бунёдӣ барои ҳақиқат доштани ин овоза пешниҳод кардаанд.

Вале ҳақиқати ин баҳс чист ва то куҷо ташкили вилояти нав дар Тоҷикистон дуруст аст, ҳоло маълум нест. Аммо “Азия-Плюс” ин мавзуъро пайгирӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...