spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, Ёрдамчии Президент  – Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманкулов, Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид, Котиби шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Махмудзода, Муовини котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Ғиёсов иштирок карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нишасти имрӯзаи сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзо аҳамияти калон медиҳад.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи короновирус масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддит гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни вохӯрӣ барори кор орзу карда, бо итминон изҳор дошт, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза дар марҳилаи муҳими омодагӣ ба Саммити Душанбе дар соли 2021 пурсамар хоҳанд буд ва барои пешрафти масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...