Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 июл ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокати шумори зиёди аҳолӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳо барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид, ки харобиҳои зиёдро дар Чин ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид”.
“Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки бар асари боришоти шадид ва обхезиҳо дар вилояти Хэнани Чин 69 нафар фавтида, қариб 13 млн нафар дар минтақаи офат қарор доранд.
Муовини раиси Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Ли Чансюн изҳор доштааст, ки то ин дам 1,47 млн нафар аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуда, зиёда аз 157 ҳазор нафар ба ёрии таъҷилӣ ниёз доранд ва 5 кас бедарак шудаанд.
Гуфта мешавад, зиёни расида аз ин офати табиӣ то ҳозир аллакай 71,52 млрд юан (11,03 млрд доллар) арзёбӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.