spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент ба хизматчиёни давлатии Рашт манзил дод

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ иштирок кард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иншооти мазкур бо маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардида, он аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Президент ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳоро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Президент бо дастовардҳои ноҳияи Рашт аз наздик шинос шуд

Ҳамчунин дар ноҳияи Рашт президент имрӯз бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод, муассисаи таҳсилоти рақами 35 дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаро ифтитоҳ намуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.

Дар идома бо ҳузури сарвари давлат дар ноҳияи Рашт  боғчаи «Ахтарак» ифтитоҳ гардид. Он аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад. Оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...