Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи навбатии аз ҷониби ҳукумат пешнишодшуда дар мавриди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ҷонибдорӣ намуд.
Мувофиқи тағйироти қабулшуда, минбаъд ҳамасола санаи 24 октябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони Иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор намуд, ки интихоб шудани санаи 24 октябр барои ин ҷашн тасодуфӣ нест.
“Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо намояндагони Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ мулоқот кард”, – иброз дошт Неъматзода.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ зиёда аз 1 млн меҳнаткашони ҷумҳуриро муттаҳид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.