Вазорати адлияи Тоҷикистон бори нахуст ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ба мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти таъмини ҳуқуқ ва судҳо нашр кард.
Матни қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2022”, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ ҷойгир шудааст, аз ин гувоҳӣ медиҳад.
Маблағи умумии хароҷоти буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ (наздики 205 млн доллар) муқаррар шудааст, ки зиёда аз 6,8% аз қисмати хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Дар матнҳои қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ” дар солҳои пешин муҷобили хароҷоти умумӣ ба ин мақсад – “на барои нашр” ишора мешуд.
Дар ҳамин ҳол, дар қонун “Дар бораи сирҳои давлатӣ” ба маълумоти ҳамагон расонидани нишондиҳандаҳои умумӣ оид ба хороҷоти Буҷети давлатӣ, ки амнияти ҷумҳуриро таъмин мекунанд, манъ нашудааст.
“Муҳри махфӣ” бо ин қонун ба “хароҷоти кушодаи воситаҳои пулӣ ба нигоҳдории неруҳои ҳарбӣ аз рӯи моддаҳои ҷудогонаи буҷети давлатии ҶТ” муқаррар шудааст.
Ғайр аз ин, бемаънӣ будани пинҳон кардани маълумоти умумӣ дар бораи хароҷоти буҷет барои мақомоти зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки шарикони байналмилалии рушди ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол матни қонун дар бораи Буҷети давлатиро бо ин рақамҳо дарёфт мекарданд.
Гузашта аз ин, ҳаҷми мушаххаси хароҷоти Тоҷикистон ба мудофиа ҳамасола дар радабандии глобалии Military Strength Ranking (Радабандӣ аз рӯи иқтидори ҳарбӣ) нашр мешавад. Мувофиқи ин радабандӣ, соли 2021 ба бахши мудофиаи Тоҷикистон ҷудо гардидани 79 млн доллар пешбинӣ шуда буд.
Агар ба назар бигирем, ки Тоҷикистон доимо аз шариконаш дар СААД, дар навбати аввал аз Русия ва Қазоқистон кумаки ройгони ҳарбӣ мегирад, барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст.
Дар дигар кишварҳо ҳатто агар ягон маълумот оид ба иқтидори ҳарбӣ махфӣ дониста шавад, дар навбати аввал кӯшиш мекунанд, ки ин маълумот ба дасти душманони хориҷии имконпазир наафтад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.