spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент охирин маҷлиси ҳукуматро дар соли равон баргузор кард

Таҳти президенти мамлакат, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис дар бораи Нақшаи кори ҳукумати ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2022,  оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҶТ барои солҳои 2018-2022» ва Дар хусуси тадбирҳои иҷрои қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2022» шахсони масъул ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ» ва дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуданд.

Дар кори маҷлиси ҳукумати кишвар масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав, Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҶТ барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҶТ Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶТн барои солҳои 2022-2026 муҳокима карда шуд.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат,, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021, инчунин иҷрои вазифаҳои нав дар соли 2022, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...