Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин рӯзи 4 январ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Си Ҷинпин гуфта мешавад: “Дар иртибот ба ин санаи муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои байни кишварҳоямон бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикот ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ирсол медорам”.
“Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд”, – омадааст дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид мекунад, ки Тоҷикистон аз ҳолати имрӯзаи муносибатҳои мутаносибан судманд миёни кишварҳо, ки бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, нисбат ба дурнамои дарозмуддати онҳо дидгоҳи нек дорад.
“Итминони комил дорам, ки ҳамкории ду кишвари дӯст ва ҳамсояи наздик бо такя ба таҷрибаи созандаи то имрӯз андӯхта минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии мардумони мо хизмат хоҳанд кард, – омадааст дар барқияи президенти Тоҷикистон. – Бо таъкиди манфиатдории доимии ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди самарабахши ин раванд омодагии хешро ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну муҳтавои нав изҳор менамоям”.
Гуфта мешавад, Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардидаанд.
“Мунтазам эътимоди стратегӣ густариш ёфта, аз ҳамдигар оид ба масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо қотеъона дастгирӣ сурат мегирад, ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун босуръат рушд меёбад, натиҷаҳои пурсамар оид ба бунёди баландсифати муштарак дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дастрас мегарданд”, – омадаастдар барқияи сарвари давлати Чин.
Зикр мешавад, ки “баъд аз паҳншавии бемории ҳамагири КОВИД-19 мардумони ду кишвар якдилона ва ба ҳамдигар кумак намуда, ҳама мушкилӣ ва андӯҳро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд”.
“Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва ният дорам, ки дар ҳамкорӣ бо Шумо, бо истифода аз имконияти ҷашни 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистонро дарёфт намоем, ҷомеаи бештар наздики тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро ба манфиати мардумони ду кишвар бунёд намоем”, – зикр мешавад дар барқия.
Муносибатҳои дуҷонибаи дипломатӣ байни Тоҷикистону Чин соли 1992 роҳандозӣ гардиданд. Масофаи сарҳади давлатии байни кишварҳо 414 километрро ташкил медиҳад. Пас аз Русия Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.