Дар Душанбе рӯзи 20 январ таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлиси васеи ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда шуд.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Натиҷаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
Дар маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Сарвазир таъкид дошт, ки дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.
Соли 2021 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 29,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2021 дар кишвар 309 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода қарор дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Энергетика ва маҳсулоти кишоварзӣ
Қоҳир Расулзода иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳоло дар соҳа лоиҳаҳо ба маблағи 16,6 млрд сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2020 – 853 млн. кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд гардид.
Соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 39,7 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2020 ба 106,6 фоиз баробар гардид.
Муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ
Сарвазир изҳор дошт, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳбудии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби ҳукумати мамлакат вобаста ба пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба кишвар 1,6 баробар зиёд сармояи хориҷӣ ворид шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 14,7 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 – 23,3 фоиз зиёд аст.
“Тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар давраи ҳисоботӣ 78 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42 млрд. сомонӣ амалӣ гардад”, – таъкид намуд сарвазири мамлакат ва изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 9,5 млрд. сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аллакай аз аввали татбиқи лоиҳаҳои мазкур 4,8 млрд. сомонӣ (427 млн. доллар) аз худ гардидааст.
Соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо 40 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 – 13 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2021 ба 15 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 – 7,9 фоиз зиёд мебошад.
Савдои хориҷӣ
“Сарфи назар аз вазъияти мураккаб бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуд, соли 2021 тамоюли рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардида, тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 – 39,5 фоиз афзоиш ёбад”, – изҳор дошт Қоҳир Расулзода.
Маориф
Сарвазир зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 5,6 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 дар маҷмуъ 592 млн. сомонӣ ё 12 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа беш аз 238 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,3 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 –27,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ афзоиш ёфта, соли 2021 ба ин самт 172 млн сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020-23,4 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон тавассути амалӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна беш аз 238 ҳазор шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат фаро гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми зиёда аз 110 млн сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.
“Пул ҳисобро дӯст медорад”
Дар кори маҷлиси ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда дар соли 2021 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 13 млрд. 722 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 114,0%, вилояти Хатлон – 106,3%, вилояти Суғд – 106,0%, шаҳри Душанбе – 103,0% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ – 100,1% таъмин карда шуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибати молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия
Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат прокурори генералии ҷумҳрӣ Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзиму ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Ҷалби сармоягузорӣ ва сиёсати пулиб қарзӣ
Дар идомаи маҷлиси ҳукумат раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сармоягузории он дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Суғд, Хатлон, Рашт ва Кӯлоб бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар доираи он 50 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 7,2 млрд сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, қонунигардонии маблағҳо, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Саноатикунонии кишвар
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир гузориш дод.
Таъкид гардид, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” барои таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор мегузорад.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати тадбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунанонии босуръати мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содиротнигаронида шуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон вазифадор намуданд.
Супоришҳо ба бахши энергетика
Ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа, директори генералии ҶСК НБО “Роғун” Хайрулло Сафарзода ва сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода вобаста ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар иншооти энергитикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, бартараф намудани қарздорӣ вобаста ба таъминоти неруи барқ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вазъият дар бахши кишоварзӣ
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода зимни ҳисоботҳои худ оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, инчунин истифодаи нуриҳои минералӣ, ҳолати бартарафсозии камбудиву қонунвайронкуниҳо дар тақсимоти замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Дастурҳо дар бахши иҷтимоӣ
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ҷиҳати беҳтар гардондани вазъи таълиму тарбия, таъмини рушди устувори соҳаи маориф, бунёду навсозии мактабҳои наву замонавӣ, сари вақт ва тибқи талабот ба ваксинагузаронӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар давраи хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат вазифадор карда шуданд.
Аз алоқаву сохтмон то ҳолатҳои фавқулода
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маҳмадсаид Зувайдзода, Директори генералии корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода, Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар ва Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли минбаъда ҳисобот доданд.
Аз пойтахт то минтақаҳо
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат 4 ҳазору 371 иқдомоти созандагӣ амалӣ гардида, иҷрои нақша 104 фоиз таъмин ва 16 муассисаи тасилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт бунёд карда шуда, 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ ва 116 хобгоҳ таъмир гардид.
Ба таъкиди раиси пойтахт соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, гардиши савдо 115 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 123 фоиз ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфтааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар давраи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дастуру супоришҳои ҷамъбастӣ
Сарвари давлат м Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тадбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии “Солҳои рушди саноат” 2022-2026, ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳалӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Матни пурраи паёми президенти Тоҷикистон ба парлумони ҷумҳурӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.