spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эродҳо ҷиддӣ набуданд: вокуниши роҳбари Оҷонсии зиддифасод ба интиқоди президент

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯз ба интиқодҳои ахири Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз шеваҳои кори ин ниҳод посух дод. Ӯ гуфт, ки аз сӯйи президент вобаста ба фаъолияти мақомот эроди ҷиддӣ гирифта нашуд, танҳо  дар самти назорати давлатии молиявӣ  дастурҳо дода шуд.

Номбурда гуфт, дар ҷаласаи охири ҳукумат раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки ҳангоми тафтишу санҷишҳои молиявӣ диққати асосиро ба ошкоркунии зарарҳои молиявӣ ва барқарор кардани онҳо ба буҷети давлатӣ равона кунем.

– Танҳо дастурҳо буданд, мо қабул кардем, супоришҳоро иҷро мекунем. Аллакай баъди маҷлиси ҳукумат мо ҷаласаи изтирории худро гузаронидем, дастурҳои ҳукумат ва президенти мамлакатро ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомот, ҳам ба муовинон ва ҳам ба сардорону раёсату шуъбаҳо даструҳоро додаем. Фаъолиятро дар соли 2022 ҷоннок мекунем, – гуфт Султонзода.

Чанде пеш як манбаъ, ки дар ҷаласаи охири ҳукумати кишвар ширкат дошт, дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод сахт интиқод кард ва бо хитоб ба роҳбари он гуфт, ки худи кормандони оҷонсӣ зимни фаъолияти кории худ даст ба фасод мезананд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 20-уми январи соли равон паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил баргузор гардид.

Гуфта мешуд, ки дар маҷлис бештар аз пешрафтҳо гуфтаанд. Вале акнун маълум мешавад, ки президент ҳамчунин аз камбудиҳо ҳам сухан гуфта будааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...