Рӯзи 8 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Фабрикаи истеҳсоли мебел
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мебелбарории ҶДММи “Ситораи Суғд” мавриди истифода қарор гирифт, ки ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 млн сомонӣ бунёд шуд.
Дар он 30 нафар занон бо ҷойи корӣ таъмин шуда, масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар мегирад, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтааст.
Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад.
Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.
Корхонаи саноатии “Тоҷир Пласт”
Дар маркази шаҳраки Ғафуров Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҶДММ “Тоҷир Пласт” ҳусни оғоз бахшид, ки аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Мирхолиқов сохта шудааст.
Дар корхона истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шуда, ба таъкиди мутахассисон ин зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард карда мешавад.
Хатҳои муосири технологии корхона, ки қисме аз он тавассути гази моеъ фаъолият мекунанд, аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас ва васлу насб гардидааст. Ашёи хом бошад, асосан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Русия ва Эрон ба корхона дастрас мегардад.
Зарфҳои полиэтиленӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд ва солҳои охир талабот ба он бештар гардидааст.
Токзор дар Сомғор
Бо ҳузури президент дар мавзеи Сомғори ноҳия хати оби полезии Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумат дар вилояти Суғдро ба истифода дода шуд.
Хати оби полезӣ бо насби ду муҳаррики нав бо иқтидори 1500 киловолт ва гардиши 750 аз масофаи 20 километр аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шуд.
Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо амалӣ гардида, ин раванд барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 50 гектар токзори нав дар “Палос” дар заминаи боғҳои кӯҳна, ки солҳои 1978 -1979 ташкил гардида буд, оғоз бахшид.
Бо оғози бунёди токзори нав 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ҷараёни корҳои мавсимӣ дар саҳро иловатан 150 нафари дигар ҷалб карда мешаванд.
Ҳамчунин сарвари давлат аз ҷамоатҳои “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд, ки дар онҳо 2800 гектар токзор мавҷуд буда, соли равон дар асоси нақша 200 гектари он барқарор карда мешавад.
Ангурпарварони ду деҳот, ки аксарияти токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр доранд, танҳо соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.
Корхонаи заргарӣ дар Бӯстон
Қаблан дар шаҳри Бӯстон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи заргарии “Зари Суғд”-ро баъд аз таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ҳамин ҷо ба президент лоиҳаи навсозии корхонаҳои ҶДММ “Фулузоти нодири Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуд. Зикр шуд, ки то соли 2026 навсозӣ дар тамоми корхонаҳои саноатии ҷамъияти мазкур дар назар дошта шудааст.
Корхонаи истеҳсоли мехҳо
Дар шаҳри Бӯстон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ “Нуртез”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст.
Аксу наворҳои видео аз хадамоти матбуот президенти Тоҷикистон
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.