Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварда, бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президент ба камбудиҳо дар кори ҷамъоварии андоз ишора намуда, дастур дод, ки саривақт лоиҳаҳоро амалӣ намуда, мушкили сатҳи тахассусии омӯзгорон ва норасоии табибон ҳал карда шавад.
Маблағгузорӣ
Дар мулоқот зикр шуд, ки дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 8300 иншоот бо таъсиси зиёда аз 40 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки суръати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2021 ба талабот ҷавобгӯ набуда, сатҳи татбиқи лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда дар қиёс бо нақшаҳо хеле паст мебошад.
Вобаста ба ин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута иҷрои сифатноку саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшударо таъмин намуда, банақшагирии рушди иҷтимоиву иқтисодиро ба таври воқеъбинона ва бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монанд.
Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 63 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби ҳукумати мамлакат беш аз 5,5 миллиард сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст.
То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Норозигӣ аз ҷамъоварии андоз
Президент изҳори норозигӣ кард, ки ҳарчанд соли 2021 дар вилоят нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 106,4 фоиз иҷро шудааст, вале сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, ташаккули буҷети маҳаллӣ, истифодаи самараноки маблағҳо ва шаффофияти хароҷоти онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Қарзҳо
Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш гирифтанд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Саноат
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилояти Хатлон ва арзёбии ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат оид ба саноатикунонии босуръати кишвар таъкид гардид, ки соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 беш аз 11 фоиз афзудааст.
Соли 2021 дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат дастур дод, ки барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд.
Барои расидан ба ин ҳадаф истифодаи самараноки минтақаҳои озоди иқтисод ва дар ин раванд ташкили паркҳои технологӣ ва маҷмааҳои саноативу агросаноатӣ зарур шумурда шуд.
Бахши кишоварзӣ
Соли 2021 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои мазкур шаҳодати иқтидору имкониятҳои зиёди вилоят дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот мебошад.
Супориш дода шуд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ истифодабарии самараноки заминро таъмин намоянд.
Нақлиёт
Зимни таҳлили вазъият дар соҳаи нақлиёт ва боркашонӣ президент ба КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дастур дод, ки бо истифода аз тахфифҳои ҷоригардида дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ чораҷӯӣ намоянд.
Соҳаҳои маорифу тиб
Дар робита ба соҳаи маориф сарвари давлат супориш дод, ки кадрҳои баландихтисос омода карда шаванд.
Ӯ зарурати омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисиро зикр кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.
Ҷинояткорӣ
Бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканию ҷинояткориҳосарвари давлат дастур дод, ки и якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешида шавад.
Сарвари давлат ҳамчунин ба пурзӯр кардани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан, дар байни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо ишора намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.