Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131
Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард

17
17

Дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март аз 12 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба президенти Тоҷикистон сафирони Япония – Айки Тошиҳиро, Ҷумҳурии Корея – Квон Донг Сок, Ҷумҳурии Арабии Миср – Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб – Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ, Салтанати Умон – Иброҳим ибн Аҳмад Ал-Муинӣ, Давлати Исроил – хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия – Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия – Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия – Ҷон Микал Квистад, Руминия – хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта – Иван Лалан Бердутик ва Канада – Алан Хемсен, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат таъкид дошт, ки Давлати Тоҷикистон тайи 30 соли соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати минтақаҳои гуногуни олам робитаҳои дипломатиашро барпо намуда, дар ростои рушди бемайлони муносибатҳои худ бо ин кишварҳо пайгирона чораҳои зарурӣ меандешад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин замина Президенти мамлакат таъкид намуд, ки мо бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар самтҳои мухталифи соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарии мавриди таваҷҷуҳ роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо имрӯз ба ӯҳдаи сафирони навтаъин, вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтанд ва имрӯзҳо дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии давлати мо қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Умон, Давлати Исроил, Подшоҳии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Подшоҳии Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

“Ба ин манзур имрӯз дар назди мо вазифаҳои умдаи вобаста ба тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳоямон истодаанд”, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки “давлати Тоҷикистон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншуда ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...